То ки дар соғари шароби соф беғаш карда ем

Бар сари ғами хок аз он об чу оташ карда ем

Қадари мо дар май кашӣ мехўоргон донанду бас

Чун ба умрии хизмати риндон мекаш карда ем

Саъйу кӯшиш чун асар дар сарнавишт мо надошт

Бе ҷиҳати мо хотири худро мушавваш карда ем

Нақшҳои пардаи дил то ки гардад ошкор

Чеҳраро бо хомаи мижгон мунаққаш карда ем

Чашми мо чун осмон парвин фишон доне чарост

Бас ки дишаби ёди он бемеҳр маҳваш карда ем

Дасти моу шонаи ҳаргизи уқда аз дил во накард

Гарчи бо зулфи ту як умрӣ кашокаш карда ем

Фаррухӣ чун зиндагонӣ нест ғайр аз дарду ғам

Мо дили худро ба марги ногаҳон хуш карда ем