Хуши онкӣ дар тариқи адолат қадам занем

Бо ин маром дар ҳамаи олам , илм занем

Ин шакл зиндагӣ набӯд қобили давом

Хубаст ин тариқаи бадро ба ҳам занем

Қонӯни одилонатар аз ин кунем вазъ

Онгоҳ бар тамоми қавонин қалам занем

Дасти сафои диҳем ба меъмори адл ва дод

По бар сари аволими ҷавр ва ситам занем

Чун ҷанги халқ бар сари динор ва дарҳам аст

Бояд ба ҷои сиккаи чаккуш бар дирам занем

Дунё чу шуд биҳишти барин зини тбдлот

Мо аз нишоти таъна ба боғ Ирам занем

Моро чу фаррухӣ ҳама хонанд тундрав

Рӯзигар аз ҳақоиқи ногуфта дам занем