Гузаштам аз сарафрозӣ , сар афтодагӣ дорам

Гирифтам ранг берангӣ , ҳавоӣ содагӣ дорам

Маро шуд нестӣ ҳастӣ , баландии ҷустам аз пастӣ

Чу сарвам каз туҳидастӣ , бар озодагӣ дорам

Гарми душман буд танҳо , ба ҷони дӯсти ман танҳо

Барои рафъи душманҳо , ба ҷон ӣстодагӣ дорам

Ман он хунини дили зорам , ки хӯн хӯрдан буд корам

Мубоҳотӣ ки ман дорам , зи деҳқон зодагӣ дорам

Намудем тарки одатро , з кам ҷустами зиёдат ро

Ман асбоби саодатро , бад-ӣн омодагӣ дорам