Сари хати ошиқиро рӯз аласт додам

Наниҳода по дар ин роҳи сарро з даст додам

Ту бо камони абрӯи дилро нишона кардӣ

Ман ҳам ба дасту тират , ҷони ноз шаст додам

Айбам макун бсстӣ каз ҳарбаи дурустӣ

Ин нодурустҳоро охир шикаст додам

То чашму абрӯятро пайваста додам улфат

Теғи ҳазор дамро дар даст маст додам

Дар банди турра дӯст додам бсодгии дил

Ғофил ки ҷони худро зини банд ва баст додам

эй лаъибати сипоҳӣ аз ҷони ман чаҳ хоҳӣ

Ту ончӣ буд барадии ман ончӣ ҳаст додам