Бастаи занҷир бӯдан ҳаст кори шер ва ман
Хӯни дил хӯрдан буд аз ҷавҳари шамшер ва ман
Ростӣ гар нестам бо шер аз як силсила
Пас чаро дар банд занҷирем доими шер ва ман
Бо дили сӯрохи шаб то субҳи гарм нола ем
Мондаем аз бас ба зиндони ҷафои занҷир ва ман
Бар дар дайри Муғону хоки мо чун бигузарӣ
Бо адаби ҳиммат талаб кун эй ҷавон аз пер ва ман
Як сари мӯ во нашуд ҳаргизи гиреҳ аз кори дил
Бо ҳазорон ҷаду ҷаҳди нохуни тадбир ва ман
Мушкили дили фаррухӣ осон нашуд чун қосирем
Дар баёни ин ҳақиқати қувваи тақрир ва ман