То чанд ҳавасронӣ , дандон ҳавас башикан
Бигузар зи гарони ҷонии зиндон нафас башикан
Ту мурғи сулаймонӣ аз чист бзндонӣ ?
Бо болу проФшонии арқон қафас башикан
Гуяд чу бадати нодон ӯро бхўшӣ бархон
Чун пунбаи нарми афғон дар ком ҷарас башикан
Гар боз гузорад по дар майкада бе парво
Ҷому қадаҳу мино бар фарқ асас башикан
Дар водии ишқи ёр , борӣ чу фикандӣ бор
Ҳам дасти з ҷон бурдор ҳам пой фарс башикан
Чун май шикании ёро аз кӣнаи дили мо ро
Ин гавҳари якторо бинавоз ва сипас башикан
Ҳар нокасу кас то чанд пои ту наад дарбанд
Бо мушти чаккуш монанди пушти ҳама кас башикан