Шарт хӯбӣ нест танҳо ҷони ман гуфтори хуб

Хӯбии гуфтори дорӣ боядат рафтори хуб

Гар туро таъмири ин вайрони иморат лозим аст

Бояд аз баҳри масолеҳоварӣ меъмори хуб

Бути парасти хуб ба аз худпарасти бдрФиқ

Ёри бади бадтар буд сад бор аз ағёри хуб

Хуб доне кист пеши хубу бад дар рӯзгор

Онкӣ мемонад зи кори хуб ӯ осори хуб

Риштаи тасбеҳи солусӣ бад омад дар назар

Зин сипас дасти ману зулфи туу зуннори хуб

Номи озодии з бдкишон намеомад ба нанг

Кишвари вайрони моро буд агар аҳрори хуб

Кори тӯфони хуб гуфтан нест ҳар бекора ро

Кор мехоҳад зи аҳли кори он ҳам кори хуб