Бо фикри ту мувофиқи номӯси инқилоб
Бояд задан ба дайри куҳани кӯси инқилоб
Гар даст ман расад зи сари шавқ май рӯм
То хобгоҳи марг ба побӯси инқилоб
Аз баҳри ҳифзи малик гзрсс биоварам
Дар эҳтизози парчами Сӣрӯси инқилоб
Хӯни ҳазор зоғ бирезам ба буми хеш
Ояд ба ҷилваи боз чу тоўси инқилоб
Аз инқилоби ноқиси мо буд комилан
Дидем агар натиҷаи маъкӯси инқилоб
Солуси инқилобии мо аҳли зарқ буд
Ёрон ҳазар кунед зи солуси инқилоб
Тӯфони хӯн падед кунад калаки фаррухӣ
Он сари бурӣда то шудаи мأнўси инқилоб