эй ки пурсӣ то ба кӣ дарбанд дарбандем мо

То ки озодӣ буд дарбанд дар бандеми мо

Хору зор ва бекас ва бехонимону дарба дар

Бо вуҷӯди ин ҳамаи ғам , шод ва хурсандем мо

Ҷои мо дар гӯшаи саҳро буд монанди кӯҳ

Гӯшаи гиру сарбаланд ва сахт пайвандем мо

Дар гулистони ҷаҳон чун ғунчаҳои субҳдам

Бо даруни пари зи хӯн дар ҳол лабхандем мо

Модар Эрон нашуд аз мард зоидани ақим

Зон зани фархундаро фарзона фарзандем мо

Иртиқои мо муяссар мешавад бо сӯхтан

Бар фарози миҷмари гетӣ чу Исфандем мо

Гар намеомад чунин рӯзӣ куҷо донанд халқ

Дар миёни ҳамгинон бе мисли ва монандем мо

Киштии моро худоёи нохудо аз ҳам шикаст

Бо вуҷӯди онкии киштиро худовандем мо

Дар ҷаҳон куҳна монад номи моу фаррухӣ

Чун зи эҷоди ғазали тарҳ нав афкандем мо