Гар ки тамен шавад аз дасти ғами озодии мо
намеравад то ба фалаки ҳелҳалаи шодии мо
Мо аз он хона харобем ки меъмори ду дил
Нест як лаҳза дар андешаи ободии мо
Бас ки ҷонро ба раҳи ишқи ту ширини додем
Теша хӯн мехӯрд аз ҳасрати Фарҳодии мо
Дод аз дасти ҷафои ту ки бо хираи сиррӣ
Кард помоли ситами мадфани аҷдодии мо
Ончунон шуҳра ба шогирдии ишқи ту шудем
Ки ҷунуни сархат зар дод ба устодии мо
Фаррухӣ дод схндонӣ аз он дод ки кард
Дар ғазали бандагии табъи худододии мо