Чаман аз лола чу биниҳод ба сари афсари сурх

Пои гули зани зи кафи сбзхтони соғари сурх

Ашк чун сим сипедам шуд аз он хӯн ки зи халқ

Зрдрўиӣ кашад онкас ки надорад зари сурх

Гарчи ман қотили дилро нашиносам аммо

Дидаам дар кафи он чашми сияҳи ханҷари сурх

Кӣ ба боми ту парӣ рӯй занад болу парӣ

Ҳар кабӯтар ки зи санг ту надорад пари сурх

Тохти мижгони ту бар малики дил аз чашми сиёҳ

Чун сӯии шарқ ба фармони қазои лашкари сурх

Хӯни дил хӯрдаам аз дасти ту бас , аз пас марг

Сар занад сабзаи сар аз турбати ман бо сари сурх

Шаби мо рӯз нагардад зи маи бохтарӣ

То чу хуршед ба ховар , назанем ахтари сурх

Пурсиши хонаи моро макун аз кас ки зи ашк

Хонаи мости ҳамон хона ки дорад дар сурх

Фаррухӣ рӯй сифеди онкӣ бар чархи кабӯд

Бо рухи зарди зи силӣ будаш зевари сурх