Нозами он сарви хиромонро ки аз бас ноз дорад

Дастаи сунбули мудом аз шона поондоз дорад

Рӯнамо гирад зи гул чун рӯи намояд дар гулистон

Бар арӯсони чамани он нозанини бас ноз дорад

Сохтам бо сӯхтан як умр дар роҳи муҳаббат

Ишқи олами сӯзи оре сӯз дорад соз дорад

Зини асирони мусӣбат дида набӯд чун ману дил

Мурғ беболӣ ки дар дили ҳасрат парвоз дорад

Бо худовандӣ нигарадед аз тамаъи ин бандаи қонеъ

Хоҷаи мо то бихоҳӣ ҳирс дорад оз дорад

Дасти ботили қуфл ғам зад бар забони мурғи ҳақи гӯ

Варна ин мурғи хуши алҳони садҳазор овоз дорад

Бо рамидан ром созад он ғизоли машки мӯ ро

Ҳарки ҳамчун фаррухии табъи ғазал пардоз дорад