Дилами имрӯз чун қамарии сар нолиданӣ дорад

Магари он сарви қади фардо ба худ болиданӣ дорад

Чу ман дар ин чамани ҷузи ғунча дилтангӣ нашуд пайдо

Ки дар шаб гар хӯрд хӯни субҳдам хандиданӣ дорад

зи ҳасан бебақо эй гул макун хӯн дар дили булбул

Ки дасти интиқоми боғбони гул чиданӣ дорад

Рамидан дид бас дар зиндагонии ин дили ваҳшӣ

Ба марги ногаҳонии майл оромиданӣ дорад

Дилам аз дидани нодӣданиҳо кӣ шавад ғамгин

Ки ин нодӣданиҳои ҷаҳони ҳам дӣданӣ дорад