Гар даври замонаи ин чунин хоҳад буд

Ноаҳл ба аҳл ҷонишин хоҳад буд

Буҳрон агар имтидод ёбад чанде

Ҳоли ту ва ман бадтар азин хоҳад буд