Паноҳи миллату роъии халқи насраи дайн
Туе ки чарх ба номи ту номдор шавад
Баннои шаръ ба саъии ту муртафаъ гардад
Асоси адл ба малики ту устувор шавад
Чу дар шаби ҳдсони субҳ давлатат бидамед
Чаҳ ҷои субҳ ? ки хуршед шармсор шавад
Ту аз бузургӣ ҷое расидае имрӯз
Ки осмони зи қабулат бузургвор шавад
Чаҳ ваҳмҳо ки дарави баста буд меҳру сипеҳр
Ки давлати ту бар атроф комкор шавад
Умеди он буд акнӯн замонаро аз ту
Ки назми равнақи олами яке ҳазор шавад
зи файзи неъмати ту абр дирафшон гардад
зи нашри мадҳати ту хок мшкбор шавад
Касе ки мадҳ ту гуяд ба ҷой он бошад
Ки пеши ҳиммат ӯ коинот хор шавад
Агар қабул накардам атоати маъзӯрам
Ки пеши рои ту ин нукта ошкор шавад
Ки абри қатра ба дарё аз он фиристад боз
Ки то ба вақт дигар дар шоҳвор шавад
Биёб коми дил аз рӯзгори чандоне
Ки рӯзгори ту таърих рӯзгор шавад