Кунун ки дар чаман омад гул аз адам ба вуҷӯд

Бунафша дар қадам ӯ ниҳоди сар ба суҷуд

Бануш ҷоми сабӯҳӣ ба нолаи дФу чанг

Бабўс ғабғаби соқӣ ба нағмаи неу авд

Ба даври гули манишин бешаробу шоҳиду чанг

Ки ҳамчуи рӯзи бақои ҳафтае буд маъдӯд

Шуд аз хурӯҷи раёҳин чу осмони равшан -

Замин , ба ахтари маймуну толеъи масъӯд

зи дасти шоҳиди нозуки изори исои дам

Шароби нӯш ва раҳо кун ҳадиси оду самуд

Ҷаҳон чу хулд барин шуд ба даври сӯсану гул

Вале чаҳ суд ки дар вай на мумкинаст хлўд

Чу гул савор шавад бар ҳавои сулаймони вор

Саҳар ки мурғи даройад ба нағмаи Довӯд -

Ба боғ , тоза кун ойини дайни зардуштӣ

Кунун ки лола барафрӯхт оташи намруд

Бихоҳ ҷоми сабӯҳӣ ба ёди осифи аҳд

Вазири малики сулаймон , имоди дайн , Маҳмӯд

Буд ки маҷлиси ҳофиз ба Ямани тарбияташ

Ҳар ончӣ май талабад ҷумла бошадаш мавҷӯд