Даст аз талаб надорам то ком ман барояд
ё тан расад ба ҷонон ё ҷони з тан барояд
Бигушоӣ турбатамро баъд аз вафот ва бингар
Каз оташи дарунами дӯд аз кафан барояд
Бинмоӣ рух ки халқӣ вола шаванду ҳайрон
Бигушоӣ лаб ки фарёд аз мард ва зан барояд
Ҷон бар лабасту ҳасрат дар дил ки аз лабонаш
Нагирифта ҳеҷ комии ҷон аз бадан барояд
Аз ҳасрат даҳонаш омад ба танги ҷонам
Худ коми тангдастон кӣ зон даҳан барояд
Гӯйанд зикри хайраш дар хайли ъшқбозон
Ҳар ҷо ки номи ҳофиз дар анҷуман барояд