Муоширони зи ҳарифи шабона ёд оред

Ҳуқуқи бандагии мухлисона ёд оред

Ба вақти сархушӣ аз оҳу нолаи ушшоқ

Ба савту нағмаи чангу чғонаҳ ёд оред

Чу лутф бода кунад ҷилва дар рухи соқӣ

зи ошиқон ба сурӯду тарона ёд оред

Чу дар миён мурод оваред дасти умед

зи аҳди суҳбати мо дар миёна ёд оред

Саманди давлат агар чанд саркашеда равад

з ҳамРаҳон ба сари тозӣона ёд оред

намехуред замонии ғами вафодорон

з бе вафоеи даври замона ёд оред

Ба ваҷҳи марҳамат эй сокинони садри ҷалол

з рӯй ҳофиз ва ин остона ёд оред