Фикри булбули ҳама онаст ки гул шуд ёраш

Гул дар андеша ки чун ишва кунад дар кораш

Дилрабоеи ҳама он нест ки ошиқ бикашанд

Хоҷа онаст ки бошад ғами хидматкораш

Ҷой онаст ки хӯн мавҷ занад дар дили лаъл

Зини тағобун ки хзФ мешаканд бозораш

Булбул аз файзи гули омухти сухан , вар на набӯд

Ин ҳамаи қавлу ғазали таъбия дар минқораш

эй ки дар кӯчаи маъшуқаи мо май гузарӣ

Бар ҳазар бош , ки сар мешаканд девораш

Он сФркрдаҳ ки сад қофилаи дил ҳамраҳ ӯст

Ҳар куҷо ҳаст худоё ба саломати дораш

Суҳбати офиятат гарчи хуш афтод эй дил

Ҷониби ишқ азизаст , Фрўмгзорш

Сӯфии сархуш аз ин даст ки каҷ кард кулоҳ

Ба ду ҷом дигар ошуфта шавад дастораш

Дили ҳофиз ки ба дидори ту хугар шуда буд

Нозпрўрд висоласт , мҷуи озораш