Дардам аз ёрасту дармон низ ҳам

Дили фидоӣ ӯ шуду ҷон низ ҳам

Ин ки мегӯйанд он хуштар зи ҳасан

Ёри мо ин дорад ва он низ ҳам

Ёди боди он ков ба қасди хӯни мо

Аҳдро бишикасту паймон низ ҳам

Дӯстон дар парда мегӯям сухан

Гуфта хоҳад шуд ба дастон низ ҳам

Чун сар омад давлати шабҳои васл

Бугзарад айёми ҳиҷрон низ ҳам

Ҳар ду олами як фурӯғ рӯй ӯст

Гуфтамат пайдоу пинҳон низ ҳам

Эътимодӣ нест бар кори ҷаҳон

Балки бар гардуни гардон низ ҳам

Ошиқ аз қозӣ натарсад ме биор

Балки аз ирғўии девон низ ҳам

Мӯҳтасиб донад ки ҳофиз ошиқ аст

Ва осифи малики сулаймон низ ҳам