Аз ман ҷудо машав ки туами нури дида Эй

Ороми ҷону мӯниси қалби рамида Эй

Аз домани ту даст надоранд ошиқон

Пероҳани сабурии эшон дарида Эй

Аз чашми бахти хеш , мабодат газанд аз онк

Дар дилбарӣ , ба ғояти хӯбии расида Эй

Манъам макун зи ишқи вай эй муфтии замон

Маъзӯр дорамат ки ту ӯро надида Эй

Он сарзаниш ки кард туро дӯсти ҳоФзо

Беш аз гилӣми хеши магар по кашида Эй