Буд шоҳӣ дар ҷуҳудони зулми соз

Душмани исоу насронии гудоз

Аҳди исо буду навбати он ӯ

Ҷони Мӯсо ӯу Мӯсои ҷон ӯ

Шоҳ аҳвал кард дар роҳи худо

Он ду дмсози худоиро ҷудо

Гуфт устоди аҳвалиро кандар о

Зу буруни ор аз всоқи он шиша ро

Гуфт аҳвал : зон ду шишаи ман кадом

Пеши ту орм ? бикун шарҳи тамом

Гуфт устод : он , ду шиша нест , рӯ

Аҳвалӣ бигзору афзӯн байн машав

Гуфт : эй асто , маро таъна мазан

Гуфт асто : зон ду , якро дар шикан

Чун яке бишикаст , ҳар ду шуд зи чашм

Мард , аҳвал гардад аз Милану хашм

Шишаи як буд ва ба чашмаш ду намӯд

Чун шикаст ӯ шишаро , дигар набӯд

Хашму шаҳвати мардро аҳвал кунад

зи истиқомати рӯҳро мубаддил кунад

Чун ғараз омад , ҳунар пӯшида шуд

Сад ҳиҷоб аз дил ба сӯй дида шуд

Чун диҳад қозӣ ба дили ришвати қарор

Кӣ шиносади золим аз мазлӯми зор

Шоҳ , аз ҳақади ҷуҳудонаи чунон

Гашти аҳвал , коломон ё раби амон

Сад ҳазорон муъмини мазлӯми кишт

Ки паноҳами дайни Мӯсороу пушт