Пер тариқат гуяд : имони мо аз роҳ самъаст на ҳиялати ақл ба қабул ва тсилмаст на ба таъвилу тасарруфи дил агар гуяд чаро ? гўӣии ман амрро сарафкандаам , ақл агар гуяд ки чун ? посухи даҳ ки ман бандаам зоҳир қабул кун ва ботин бисипор
Худоё гоҳе бахуд нагарм гӯям аз ман зортар кист ? гоҳе ба ту нагарм гӯям аз ман бузургвортар кист ? банда чун ба амал худ нигарад ба забони таҳқир аз кӯфтагӣу шикастагӣ худ гуяд :
Пари оби ду дидау пари оташи ҷигарам
Пари боди ду дастаму пар аз хоки серум
Ва чун ба лутфи илоҳӣу фазл раббонӣ нигарад ба забони шодӣу неъмат озодӣ гуяд :
Чаҳ кунад арш ки ӯ ғошия ман накушуд
Чун ба дили ғошияи ҳукму қазои ту кашам
Буи ҷон оядам аз лаб чу ҳадис ту кунам
Шохи ъзи раведам аз дил чу балои ту кашам
Вақте хоҳад омад ки забон дар дил бирасаду дил дар ҷон бирасаду ҷон дар сар бирасаду сар дар ҳақ бирасад онгоҳи дил ба забон гуяд хомӯши сар ба ҷон гуяд хомӯшу нур ба сар гуяд хомӯш худованд гуяд эй бандаи ман дерӣ буд то ту мегуфтӣ , акнӯн ман мегӯям ва ту май шинав