зи заъфи тан мижаамро ба ҳам расӣдан нест

Набастани мижа аз мурдаи баҳр дидан нест

Хушам ба сангдилиҳои ӯ ки дарди маро

Дил ар на санг буд , тоқат шунидан нест

Марои ҷафои ту побстаҳ тар кунад , оре

Чу пар бисӯзад парвонаро паридан нест

Ба хӯн тапидани бсмл , яқин намӯд маро

Ки баъди кушта шудан низ орамидан нест

Чаҳ шуд ки аз рух ӯ гул начидаам кони гул

Барои зинат боғаст , баҳр чидан нест

Таъассуфаст ки бар рӯзгор рафта хӯрд

Барои кушта шудани сайдро тапидан нест

Чигуна оҳи кашам , кончнони гирифторам

Ба дасти ғам ки маҷол нафас кашӣдан нест