Агар сӯсани сифат будӣ забонӣ дар даҳони гул

Касе нишнидӣ алои васфи рӯйиш аз забони гул

Надидам дар замон ӯ касеро бо дили хуррам

Агарчӣ аз барои хуррамӣ бошад замони гул

На аз шухии рўдҳри дам ба гулзор дигар ёрам

Ҳадис бенавоӣ мекунад хотири нишони гул

Гулистони ҷаҳонро дар миёни ғунча гул бошад

Гулистони рух ӯ ғунча дорад дар миёни гул

Тафовут аз замин то осмонаст артўонӣ дид

Миёни офтоби чеҳра ӣ ёру миёни гул

Ҷаҳонро эътиборӣ нест зони рӯзи баду некаш

На рӯ дар ҳам кашам чун ғунча на хандам ба сони гул