Хушо рӯзӣ ки ёдӣ аз ман овора ме кардӣ

Набӯдӣ ошиқу бечораеро чора ме кардӣ

намерафтӣ зи дунболи назари расво наме гаштӣ

Агар дар ишқи худ ҳоли маро назора ме кардӣ

Ба ин зӯдии гиребонгар ба даст дил наме додӣ

Чу Юсуфи ҷомае дар никномӣ пора ме кардӣ

Ҷаҳони дор мукофотаст мебояд кашид акнӯн

Ситамҳоӣ ки бар ушшоқи меҳнат кора ме кардӣ

Бигӯ то чун нанолам санги нолейдигар ин ҷӯрӣ

Ки бар ҷони ман мискин кунӣ бар хора ме кардӣ