То сипаҳдор ба шатранҷи ҳунар

Чира бар душмани хунхор шуда

Моҳии сирати ноҳинҷорон

Ҳомии зумраи аҳрор шуда

Чатри истибдод аз сарсар дод

Пасту воруну нигунсор шуда

Бо адолати ҳамаи ҷо буд рафиқ

Бо хирад дар ҳамаи ҷои ёр шуда

Шаҳри рай аз қадамаши хурраму шод

Хуштар аз хлху Фархор шуда

Шаҳи Маҳмадалӣ аз ҳайбат ӯ

Хору шармандаи зи кирдор шуда

Шабаш аз барқ чу рӯзи равшан

Рӯзаш аз дӯди шаби тор шуда

Охроломр з дияему сарир

Гашта мустаъфӣу безор шуда

Ҷустам аз табъи амӣрии таърих

Гуфт « шаҳи моти сипаҳдор шуда »