Чунин гуфт бонӯии ширини забон

Ки эй ҷумла бо ман чу ҷони меҳрбон

Маро нест дигар тавоноӣ зист

Барин зиндагии зор бояд гирист

Шуморо пас аз ман басии нози бод

зи шодӣ ба гӯши андари овози бод

Чу ояд адуи сӯии харгоҳи ман

Бгўӣид аз ман ба бадхоҳи ман

Ки рафтем мо ин ту ин хонимон

Бизан оташ инак дар ин хонадон

Маро бугзарад ранҷи айёми сахт

Турои ин сиёҳӣ бимонад брхт