Равонро бадонаш ситоиш намӯд

Суханро тарозуӣ дониш намӯд

Сипас хомаро бо забон ҷуфт кард

Неи гунгро довар гуфт кард

Забон ҳаст чун хусравии бошукӯҳ

Варои хомаи дастури дониш пажӯҳ

Чунон чун зи дастури пирӯзи бахт

Ҳувайдо шавад рози солори тахт

Шавад хонда аз хомаи рози забон

Азиро ки бошад варои тарҷумон