эй тозаи арӯси меҳрбонам
Васли ту ҳаёти ҷовдонам
Хуршеди сипеҳри иқтидорам
Перояи базми ифтихорам
Меҳр ту нишаста дар дили ман
Ишқ ту сиришта бо гули ман
Ту сарви ҳдиқаҳи батулӣ
Нўбоўаҳи гулшани расӯлӣ
Асли тарабу ниҳоли айшӣ
Фарзанди паямбари Қурайшӣ
Маи талъату оинаи замирӣ
Ҳмхўобаҳу ҳамсари амӣрӣ
Бо ман ба нажоду асли ҷуфтӣ
Каз гулбуни Аҳмадии шигифтӣ
Аз шарми ту эй амири бонӯ
Хуршед ба хоки судаи зону
эй гулбуни боғу шамъи маҳфил
эй мӯниси ҷону роҳати дил
То аз ту шудам ҷудоу маҳҷӯр
Бемораму нотавонаму ранҷур
Бе рӯй ту дар сароу гулшан
Тангаст дилам чу чашми сӯзан
На сабр ва тавон ва тоб дорам
На роҳат ва хӯрд ва хоб дорам
Ҳамчун мурғӣ каз ошиёна
Пурди бҳўои обу дона
Пайвастаи дилам дар орзӯят
Парвоз ҳаме кунад басӯиат
Гўӣии рахт эй чароғи равшан
Миғнотисаст ва ман чу оҳан
Хоҳам зи худо ки то қиёмат
Бошӣ бсъодту саломат
Дар маҳди амону тахти иқбол
Аз гардиши чархи фориғи албол
Аз рӯй амири шоду хуррам
Масъӯду муаззазу макрам
Бошед баҳами анису мӯнис
Чун лолаи обдору наргис
Андари лаби ҷӯ чу сарви озод
Дар боғ чу арғавону шамшод
Рухшанда чу офтоби анвар
Маҷмӯ чу пайкари ду пайкар
Бо ёри қарин чу ғамза бо чашм
Аммо тиҳӣ аз маломату хашм
Ту моҳӣу ҷуфти офтобӣ
Шоҳинӣу ҳамсари уқобӣ
Хоҳам ки азин уқобу шоҳин
Боз ояд байзаҳои заррин
Ҳар ҷӯҷаи он басони шаҳбоз
Гирад сӯии авҷи чархи парвоз
Мҳпораҳи азин ду шоҳ зояд
Сайёраи азин ду моҳ зояд
То ҳаст замини моҳу анҷум
Хуршед чу ҷому осмони хам
Ҷоми тараб аз май ҷавонӣ
Пуркун бншоту комрўонӣ
Рӯзати фирӯзу шаб ба аз рӯз
Шоми ту чу бомдоди наврӯз
Наврӯзи ту беҳтар аз шаби қадар
Рӯй ту накӯтар аз маи бадар
Шаҳ гуфта ақдаси алсёдаҳ
Мифтоҳи хзоӣни алмсодаҳ