Диўкс , нахустин шаҳи Мод буд
Ваз ӯ сар ба сар , кишвари обод буд
Басӣ буд он шоҳ бо адл ва дод
Кариму ҷавонмарду некӯи ниҳод
Гузиданд ӯро ба шоҳаншаҳӣ
Нишонданд вайро ба гоҳи маӣ
Чу бар гоҳ шуд шоҳ бо адл ва дод
Кулоҳи бузургӣ ба сар бар ниҳод
Бифармуд то шорсон сохтанд
Яке шаҳр зебо биёростанд
Дар он шорсони ҳафт диж шуд падед
Чунон шаҳр то он замон кас надид
Яке бар яке бартарӣ доштӣ
Ки бар осмон сар барафроштӣ
Чу рангини камон , ҳафт диж шуд аён
Ки аз ҳафт авранг будӣ нишон
зи сабзу сифеду зи сурху зи зард
Бунафшу сияҳи ранг ва ҳам ложвард
Чу ҷинати яке шаҳр омад падед
Чуну дар ҷаҳон кас надид ва шунид
Бубахшед шаҳ , неъмати бекарон
Ҳунари парваронро карон то карон
Сипас ҷашн шоҳона оростанд
Ба шодӣ фузуда з ғам костанд
Бар ӯ ҳкмтонаҳ ниҳоданд ном
Фишонданд даст ва гирифтанд ҷом
зи ғавғои таблу зи овои кӯс
Билразед на гунбади обнӯс
Бад-ӣни гӯнаи шаҳ , кишвар обод кард
Яке шаҳр , ҳар гӯша бунёд кард
Чунинанд шоҳони некӯи сиришт
Ки созанди дунё чу боғи биҳишт