Диўкс чу дар ёфт поёни хеш
Фаро хонд фарзанди фарзонаи пеш
Чунин гуфт к-эии пӯри фархундаи фар
Ба ҷон гӯш кун панди нағзи падар
Битарс аз худо ва раҳ дод пўӣ
Ба мардонагии роҳи аҷдоди пўӣ
з ман бишинав эй поки фарзанди ман
Ба гӯши худ овеза кун панди ман
Худоро ту аз ҷон ситоянда бош
Ба даргоҳи ҷони офарин банда бош
зи худ давр кун ҷаҳлу кибру ғурур
зи кирдор аҳрӣманӣ бош давр
Барон бош то дар бару буми хеш
Ниёеи тани хастау ҷони риш
Ту дайн дор бош ва беозор бош
Пай дод пўӣ ва накукор бош
Макун гӯш бар гуфтаҳои дурӯғ
Ки гуфт дурӯғаст бас бе фурӯғ
Ба хӯни касони даст бозӣ макун
Ту бо ҷони атбоъ бозӣ макун
Ту бунёд кун подшоҳӣ ба дод
Дил мардумон кун ту бо дод шод
Чунон кун ҳамаи нек хоҳат шаванд
Чу фармони диҳии сар ба роҳат диҳанд
Бигуфт ин ва пас дида бар ҳам ниҳод
Бирафт аз бадани ҷони он шоҳи Мод
Замона чунин бӯда то бӯда аст
Ки маргии пас аз умр фармӯда аст
Чунин бӯда то бӯда олам ба по
Саранҷоми сарҳо наад зери по
Ба жарфои хок ар накӯи бенгарӣ
Ба ҳар гӯшааш хуфтаи бинии сиррӣ
Сари тоҷдорну донишварон
Сари моҳрӯёну номи оварон
Намонад ба ҷузи номи нек аз касе
Агар малик олам бигирӣ басӣ
Хушо роди мардони некӯи нажод
Ки аз номи эшон ҷаҳони гашти шод
Хушо он падар чун бирафт аз ҷаҳон
Писари сари фарозади сӯии осмон
Чу шоҳи ҷавони сўки шаҳро гирифт
Ҷаҳон шуд сияҳи пӯш ва мотам гирифт
Ҳамаи Модҳо зор ва гирён шуданд
зи сўку ғами шоҳ нолон шуданд