Боз аз сари зулфи дили ошуфта хабар ёфт
Ҳар риштаи мақсӯд ки гум кард , дигар ёфт
Сад қофилагар саъии барад дар раҳи каъба
Дар каъба расад онкии сари кӯй ту дарёфт
Дар зулмати ҳиҷрони ту бо машъали хуршед
Натавон зи дили гумшудаи як зарра асар ёфт
Ёқӯби баради равшании дидаи зиўсФ
Ҳар кас ки назар ёфт дарин роҳ назар ёфт
Сарчашма ишқаст суханҳои ту аҳлӣ
Ҳар кас ки фурӯ рафт дарин чашма гуҳар ёфт