Дар бути парастӣ қиблаам чун он бут рӯҳонӣ аст

Дар саҷдаи шукри ҳақам кин давлатам арзонӣ аст

Дилдор агар ҷӯрӣ кунад аз ғояти ёрӣ буд

Ҷавр батон бар ошиқони дилдорӣ пинҳонӣ аст

Ман бе рухи рўҳониш дар зулмати ғам чун зем

Ҷое ки рӯзи равшанам бе ӯ шаб зулмоне аст

Лаб баста шуд ҳаркас ки ӯ доно шуд аз илми назар

Ғавғои баҳси муддаӣ аз ғоят нодонӣ аст

Аз малики олам дар гузар обод кун дилро ба ишқ

Кин маликаш аз рӯзи азали бунёд бар вайронӣ аст

Аҳлии бароаи васф ӯ то май туоне помнаҳ

Сад сол агар ин раҳ рӯй охири қадам вайронӣ аст