То абади ошиқи ҳасани туам аз рӯзи аласт
Аз азал то ба абади ишқи ману ҳасан ту ҳаст
Ашк ҳамчун май лаъл аз назарам чист равон
Шишаи дил агар аз санг ҷафоят бишикаст
Гар мушарраф накунӣ гӯшаи махмури фироқ
Гӯша чашм фикан борӣ аз он наргиси маст
Нӯшдори вай висолӣ бичашон ошиқ ро
То нарафтаст зи захми аҷалаши кори зи даст
Ҳарки чун шамъ гирифт оташи ишқи ту дарав
То сараш хок нашуд пеши ту аз по нанишаст
Домӣ аз риштаи ҷон сохтаам зон умед
Кофтад аз баҳри карами моҳии васл ту бишуст
Аҳлӣ аз дори фанои сари макаш аз пастии табъ
Ки сарафроз нашуд ҳечкас аз ҳиммати паст