Он дам ки дили рабӯдӣ дар қасд дайн набӯдӣ

Кофари дили ин замонӣ , ҳаргиз чунин набӯдӣ

Ҳасанат қиёматӣ шуд аз хат , агарчӣ доим

Хуш бӯдае валикини хуштар азин набӯдӣ

Гуфтам фузуд ҳасанат , не ! ишқи ман фузун шуд

Врнии ту сарви нозӣ , кӣ нозанин набӯдӣ ?

Имрӯзат аз чаҳ наргиси махмури хўобнокст

Гар зонка бо ҳарифон шаб ҳамнишин набӯдӣ

Аз чашми захм толеъ рафт он ғизолам аз каф

эй бахти бади ту моро кӣ дар камӣн набӯдӣ

Дай бар замин хиромаш дидам чу сарви нозӣ

эй дидаи ҳайфи конҷои хок замин набӯдӣ

Мафруш лофи мастии аҳлӣ ки то ту ҳастӣ

Аз хирмани накӯёни ҷузи хӯша чин набӯдӣ