То намурдаем дил аз дарди ту беҳбуд надошт

То надодем ба савдои ту ҷон суд надошт

Ҳуққаи сабз фалак дошт давои ҳамаи кас

Ончии дармони дили хастаи мо буд надошт

Ҳам зи хокистари мо гашти чароғии равшан

Коташи мурдаи дилони фоидаи ҷуз дӯд надошт

Буд мақсӯди ту дил сӯхтани ошиқи зор

Ғайри мақсӯди ту ҳам длшдаҳ мақсӯд надошт

Ссри Маҳмӯд аз он буд кафи пои Аёз

Ки Аёз аз ду ҷаҳони ҷузи сар Маҳмӯд надошт

Барқи ҳасани ту аҷаби хирмани мо зуд бсухт

Ин гумон гарчи дилам дошт чунин зуд надошт

Тамаъи бӯсу канори ту ки аҳлӣ будаш

Пеши азин буд ки домон меолуд надошт