Дар кӯии ту хӯни дили мо пок фурӯ рафт

Баси хӯни шаҳидон ки дарин хок фурӯ рафт

Бо хӯни ҷигари срзнд аз дида чу мижгон

Хорӣ ки маро дар ҷигари чок фурӯ рафт

Пеши ҳамаи каси заҳр буд чошнии марг

Дар коми ман ин заҳр чу тирёк фурӯ рафт

Шаби ҳамчуи маи чордаҳ пайдо шудӣ аз бом

Вази шарми ту хуршед бар афлок фурӯ рафт

Аҳлӣ ки раҳ ақл гирифт аз ситами ишқ

Дар фикри ғалат бо ҳамаи идрок фурӯ рафт