Маст шуд сӯфӣу ҷангаш бар сар паймона аст
Хонқаҳ бар ҳам зад акнӯн навбат майхона аст
Соқио май даҳ ки ҷинати мастӣ ва девонагӣ аст
Дӯзахӣ дорад касе кӯи оқил ва фарзона аст
Хўдпрстони ҷаҳон ороишӣ доранду бас
Дар хароботаст айшу ганҷ дар вайрона аст
Ошиқӣ инаст ва ҷон кандан ки ман дорам аз ӯ
Қиссаи Фарҳоду кӯҳи бесутун афсона аст
Бар ҳазар бош эй рақиб аз вай ки ҳаркаси пеши ёр
Ошноӣ беш дорад бештар бегона аст
Ёри нозуки хуй , ва мо маст ,у рақибони тундху
Дам мазан аҳлӣ чаҳ вақти наъра мастона аст