Тугар парвонае ҳамчун халили оташ гулистон аст
Ки зоҳир оташаст он шамъу пинҳони об ҳайвон аст
Маро дар водии меҳнат , ғами мурдан куҷо бошад
Дар ин раҳи зиндагӣ сахтаст варна мурдан осон аст
Касе кӯи айб ман кардӣ чу дид он теғи мижгон ро
Ҳазораш рахна дар дил карду сахт акнӯн дар он ҷон аст
Махӯр дар зулмати олами фиреб аз чашмаи меҳраш
Саробаст ин ки пиндории ту оби Хизр рахшон аст
Чаро Юсуф кунад айби Зулайхо ,гар дарди ҷайбаш
Ки домани гир ӯ охири ҳамин чок гиребон аст
Чароғи ҳиммати зоҳид чу барқи андак сабот омад
Дро дар сояи соқӣ ки ӯ хуршед тобон аст
Ба сайли гиряи аҳлиро сар омад умр ва он мискин
зи хуноби ҷигари чашмаш ҳануз олӯда амон аст