Чашми маст гар кашад ҳар гӯшаи халқӣ дар ғам аст

Гӯшаи гири онро чаҳ ғамгар кори олам дар ҳам аст

Дар вафодории рухи зард маро бишнос ту

Зон ки эксири вафо бисёр дар олам кам аст

Кӣ зи танҳоӣ ба танг оем ман маҷнӯни сифат

Чун хаёли оҳӯии чашми ту бо ман ҳамдам аст

Субҳи давлат май дамад соқӣ бидиҳ ҷоми шароб

Ин дам аз олами ғанимати дон ки олами як дам аст

Ҳеҷ баҳриро наёрад ошиқи гирён ба чашм

Ҳафт дарёи пеши сайли ишқи мо як шабнам аст

Бесутун аз пеш бардорад ба ҳиммати оқибат

Ҳарки чун Фарҳод дар кори муҳаббат муҳкам аст

Ҷоми ҷами аҳлӣ чаҳ ҷӯӣ рӯ бидон хуршед кун

Каз фурӯғ рӯй ӯ ҳар заррае ҷом ҷам аст