То бар гули ту сунбули пари хам дамида аст

Буии биҳишт дар ҳамаи олам дамида аст

Субҳасту ҷома чок задӣ дармеи сабӯҳ

Субҳии чунин зи ҷайби фалак кам дамида аст

Ҳуру фириштаро агар аз ҷон сиришта анд

Буии муҳаббат аз гули одам дамида аст

Дар ҳайратами зи меҳри хатат аз дили рақиб

Каз санги хораи сабзаи хуррам дамида аст

Аҳлии дарин чаман машав аз хори ғами малул

Зон рӯ ки хору гули ҳама бо ҳам дамида аст