Он сарви ҳргаҳ аз назари ман гузашта аст

Гӯйӣ ки тирӣ аз ҷигари ман гузашта аст

Домони ноз бар зада чун сарв меравад

Гӯйии зи ҷӯии чашмтар ман гузашта аст

Бар бесутуни зи тешаи Фарҳод кӣ гузашт

Онҳо ки аз ғамаши басари ман гузашта аст

Чун сояи сӯхт аз асари оташи дилам

Хуршед агар брҳгзри ман гузашта аст

Аҳлӣ магӯ ҳазар кун аз он шӯхи сангдил

Акнӯн ки кор аз ҳазари ман гузашта аст