Бебахту ёрами маро аз марги чашм ёрӣ аст
Ин бахти хоби олӯдаро хоби аҷал бедорӣ аст
Хуршеди бемор ту шуд рангаш гувоҳӣ медиҳад
Афтону хезон бар замин аз ғоят беморӣ аст
Даврӣ набошадгар зи ман паҳлу тиҳӣ созад сагат
Каз паҳлавии ман вазу шаби бечора дар хунхорӣ аст
Чашмати хаданги ғамзаро аз чап намӯд ва рост зад
Бомо ҳануз он ишвагар дар шева айёрӣ аст
Баси лолаи рух каз доғи ту ҳамчун гули раъно шуда
Тани зарду бемор аз ғамати рӯйиши зи хӯн гулнорӣ аст
Мастам кун аз лаби кончнини субҳ қиёмат шуд маро
Доне ки дар субҳии чунин мастӣ ба аз ҳушёрӣ аст
Он нўғзоли мастро аз зории ошиқ чаҳ ғам
Кони оҳӯии мишкӣни нафаси аҳлии саг бозорӣ аст