Гоҳами ду оҳӯии ту саги хеш хонда анд
Гоҳам ба санги тафриқа аз пеш ронда анд
Мо дил намебарем ки шоҳон чу бози худ
Касро нарондаанд ки бозаш нахонда анд
Моро чу чашми хеши ҳарифон бе вафо
Махмуру нотавон ба канорӣ нишонда анд
То додаанд ҷуръаи ҷомии зи лаъли хеш
Хубони ишваи соз ба ҷонам рисонда анд
Онро ки додаанд батон нӯши лаъли худ
Аз заҳри чашми чошнӣӣ ҳам чашонда анд
Аҳлӣ ба дард бедилӣ ва бе касе бисоз
Дармон талаб накун ки табибон нахонда анд