Гарчи дар пои ту эй шамъи басӣ сӯхта анд
Ҳамаи ин сӯхтагиҳо з ман омӯхта анд
Ошиқон аз ғами холи ту чу мӯрони ҳарис
Дар даруни хирманӣ аз тухми ғам андӯхта анд
Оташи оҳи ман сӯхтаи дили саҳли мубин
Ки чароғи фалак аз оҳи ман афрӯхта анд
Бандаи мардуми риндам ки ба бозори ҷаҳон
Ба ду олами сари як мӯӣ ту нафурӯхта анд
Дида дил бигушо аҳлӣу ғофили манишин
Ки ҳасудон ба шикасти ту назар дӯхта анд