Ҳарки чун бод аз сари кӯии ту берун ме равад

Кас намедонад ки аз ошуфтагӣ чун ме равад

Пой рафтан нест ошиқро казин дар бугзарад

намефишонд сайли ашк аз чашм ва дар хӯн ме равад

Пеши Лайлӣ гар равад аз чашми маҷнӯни хӯн чаҳ шуд

Оҳ аз он соъат ки ӯ аз чашм маҷнӯн ме равад

Ҷони накӯ берун кун аз тан то даройам дар дилат

Чун туе эй ҷони ман аз хеш берун ме равад

Хӯни ман домони гардун чун шафақ хоҳад гирифт

Бас ки хӯни дили зи чашм аз ҷавр гардун ме равад

Чарх агар бдмҳр шуд касро накард аз меҳри манъ

Бар ман аз ҷаври фалаки зулми ту афзӯн ме равад

Гар ба афсуни чора бечорагон созад ҳаким

Кӯри модарзоди аҳлӣ кӣ ба афсун ме равад