Ҳаркас ки чашми масти ту назора ме кунад
Мижгон ба сад синони ҷигараш пора ме кунад
Ҷое ки садҳазори сари афтода ҳар тараф
Дар он миён ки захми маро чора мекунад ?
Раҳмӣ бикун ба мардуми олам ки ҳарки ҳаст
Фарёд аз он ду наргис хунхора ме кунад
То нанигаранд рӯй ту чоўўши ғайратат
Халқ аз вуҷӯд дар адам овора ме кунад
Ман худ нанолам аз ту ба ҷавру ҷафо вале
Дод аз ситам ки бахт ситамкора ме кунад
Ширин бирафт аз назару кӯҳкан ҳануз
Чун сӯрати истода ва назора ме кунад
Аҳлӣ ки пораи пораи дил аз хеш ме бурид
Ин бори тарки хеш ба якбора ме кунад