Бар ман аз давраш ба навбати соғар май ме расад

Навбати мо ёрб аз даври фалак кӣ ме расад

Марҳамӣ то кӣ расад бар риши дил аз лаъл ӯ

Ҳолиё зон ғамзаам захм паёпай ме расад

Ошиқи лаби ташнаро аз соқии даври фалак

Дида пурхӯн мешавад то ҷуръае май ме расад

Дар таҳаммули ҷони сахти ман чу санг хора аст

Зини ҳамаи сахтӣ ки бар ҷони ман аз вай ме расад

Бод агар бар устихонам май вазад аз сӯзи дил

Оташ сӯзандаро монад ки бар не ме расад

Сабр кун аз захми дили аҳлӣ ки он абрўкмон

Марҳамигар май наад сад новак аз пай ме расад