Чашми соҳибдили назар чун бар рух гул ме кунад
Аз ҷамоли гули қиёси ҳол булбул ме кунад
Ҳар кро чун кӯҳкани бори ғам аз ширин лабӣ аст
Лоҷарамгар кӯҳ ғам бошад таҳаммул ме кунад
Покбозон аз сафо ойӣнаанду муддаӣ
Сӯрати олӯдаи худро тахайюл ме кунад
Ошиқӣ каз Зуҳраи рӯйони дил ба васл олӯда кард
Гар малик бошад ки ишқ ӯ таназзул ме кунад
Аз фиреби оҳӯӣ чашмаш машав ғофил ки ӯ
Ҳол мо медонаду ъмдо тағофул ме кунад
Ҷуз ба хоки кӯй ӯ аҳлӣ наёрад сари фурӯ
Осмони беҳудаи ин арз таҷаммул ме кунад